Дар чанд соли охир қариб ҳамаи истеҳсолкунандагони смартфон, аз ҷумла Apple, Samsung, Xiaomi, HONOR ва Google, диққати асосии худро ба зеҳни сунъӣ (AI) равона кардаанд. Имрӯз дар аксари муаррифии телефонҳои нав аввал аз AI сухан меравад ва баъд аз хусусиятҳои дигари дастгоҳ.
Функсияҳое мисли тарҷумаи ҳамзамон, таҳрири аксҳо бо AI, хулосабарории матн, ёрдамчии овозӣ ва ҷустуҷӯи интеллектуалӣ ба қисми ҷудонашавандаи смартфонҳои муосир табдил ёфтаанд.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки на ҳама корбарон барои чунин имкониятҳо омодаанд маблағи бештар пардохт кунанд. Барои аксари одамон то ҳол омилҳои асосӣ ҳангоми интихоби телефон инҳоянд:
- 📸 Камераи босифат;
- 🔋Батареяи пуриқтидор;
- ⚡ Суръати кори система;
- 📱 Экрани равшан ва босифат;
- 💰 Нархи муносиб.
Бисёре аз вазифаҳои AI низ баъд аз чанд моҳ ба моделҳои кӯҳнатар тавассути навсозии нармафзор дастрас мешаванд. Аз ҳамин сабаб, на ҳамеша лозим аст танҳо барои AI смартфони нав харидорӣ кунед.
Бо вуҷуди ин, рушди зеҳни сунъӣ босуръат идома дорад ва эҳтимол дар солҳои наздик AI яке аз муҳимтарин омилҳо ҳангоми интихоби смартфон гардад.