Агар росташро гӯям, ман солҳои зиёд аҳромҳои Мисрро танҳо дар филмҳо, китобҳо ва интернет медидам. Ҳатто ба хаёлам ҳам намеомад, ки рӯзе худам дар назди яке аз бузургтарин мӯъҷизаҳои таърихи инсоният меистам. Аммо ин орзу амалӣ шуд. Имрӯз ман дар назди Аҳромҳои Гиза ҳастам ва ин эҳсосотро бо сухан пурра баён кардан душвор аст.
Аҳромҳои Гиза яке аз машҳуртарин ҷойҳои сайёҳии ҷаҳон мебошанд. Онҳо дар канори шаҳри Қоҳира ҷойгир буда, зиёда аз 4500 сол пеш сохта шудаанд. Ин маҷмаа аз се аҳроми асосӣ — Хуфу (Хеопс), Хафра ва Менкаура, инчунин Сфинкси Бузург иборат аст. Аҳроми Хуфу ягона мӯъҷизаи Ҳафт мӯъҷизаи ҷаҳони қадим мебошад, ки то имрӯз боқӣ мондааст.
Вохӯрии аввал бо аҳромҳо


Пас аз расидан ба ҳудуди Гиза автобуси мо қариб то назди аҳромҳо омад. Вақте аз тиреза аввалин бор онҳоро дидам, ҳисси аҷибе пайдо шуд. Дар аксҳо онҳо зебо менамоянд, аммо вақте дар назди онҳо меистӣ, андозаи воқеии онҳоро дарк мекунӣ. Ин сангҳои азим ҳазорҳо сол боз дар ҳамин ҷо истодаанд ва то ҳол тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат меоранд.
Шутурсаворӣ дар биёбон
Аз назди даромадгоҳ сайёҳон метавонистанд бо шутур ё аробаҳои махсусе, ки ба шутур васл шудаанд, ба қисми дигари маҷмаа раванд. Аз ҳамин ҷо манзараҳои хеле зебо кушода мешаванд ва барои аксбардорӣ ҷойҳои беҳтарин маҳсуб мешаванд.

Ҳангоми ҳаракат роҳбалади мо дар автобус чанд маслиҳати муҳим дод. Ӯ гуфт, ки беҳтар аст аз хизматрасониҳои одамони тасодуфӣ истифода накунем, зеро баъзан ҳолатҳои фиреб ё дуздии телефон рух медиҳанд. Барои ҳамин ӯ пешниҳод кард, ки аз шутурбонҳо ва суратгироне истифода барем, ки бо гурӯҳи сайёҳии онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Ростӣ, баъдтар дидам, ки бисёр сайёҳон аз хизматрасонии дигарон низ истифода мебурданд. Нархи онҳо ҳатто қариб ду баробар арзонтар буд ва ман ягон мушкил ё нофаҳмиро надидам. Аз ин рӯ, фикр мекунам чунин огоҳӣ қисман барои бехатарӣ аст, аммо ҳамзамон роҳбаладон низ мехоҳанд сайёҳон аз хизматрасониҳои шарикони онҳо истифода баранд. Дар ҳар сурат, ҳангоми сафар бояд ҳамеша эҳтиёткор буд.



Гармии сахти биёбон
Яке аз чизҳое, ки бештар эҳсос кардам, гармии ҳаво буд. Офтоб бисёр сӯзон аст ва агар кулоҳ, рӯймол ё айнаки офтобӣ надошта бошед, роҳ гаштан душвор мешавад. Креми муҳофизаткунандаи офтоб низ хеле муҳим аст, зеро ҳатто дар муддати кӯтоҳ пӯст метавонад бисёр сӯзад.
Агар нияти боздиди аҳромҳоро дошта бошед, ҳатман оби нӯшокӣ ҳамроҳ гиред ва либоси сабук пӯшед.
Аҳромҳои азими сангин



Ҳангоми сайругашт мо ба дигар аҳромҳо низ наздик шудем. Аз наздик дидан тамоман ҳисси дигар дорад. Сангҳое, ки ин иншоотҳоро ташкил медиҳанд, азиманд ва вазни баъзеи онҳо ба якчанд тонна мерасад. Вақте тасаввур мекунӣ, ки одамон ҳазорҳо сол пеш бе техникаи муосир чунин сохтмонро анҷом додаанд, воқеан ҳайрон мешавӣ.
То имрӯз олимон дар бораи тарзи сохтмони аҳромҳо назарияҳои гуногун доранд ва маҳз ҳамин асрор онҳоро боз ҳам ҷолибтар мекунад.
Сфинкси Бузург


Баъди тамошои аҳромҳо мо ба назди Сфинкси Бузург рафтем. Ин ҳайкали машҳур бо тани шер ва сари инсон яке аз рамзҳои Миср мебошад. Ҳарчанд онро ҳазорҳо маротиба дар филмҳо дида будам, аз наздик дидан тамоман эҳсоси дигар дод.
Дар ҳамин ҷо роҳбалади мо дар бораи таърихи Сфинкс ва аҳромҳо қиссаҳои ҷолиб нақл кард, ки экскурсияро боз ҳам шавқовартар намуд.
Хариди туҳфаҳо
Дар охири экскурсия мо аз бозори назди аҳромҳо низ дидан кардем. Дар он ҷо ҳайкалчаҳо, папирус, магнитҳо, рӯймолҳо ва дигар ёдгориҳои сайёҳӣ фурӯхта мешаванд.
Нархи аввал одатан хеле баланд гуфта мешавад, аммо агар каме савдо кунед, метавонед ҳамон молро қариб ду баробар арзонтар харед. Барои ҳамин дар ин ҷо шарм надоред ва ҳатман нархро паст карданро кӯшиш кунед.
Таассуроти шахсии ман
Ин сафар барои ман яке аз хотирмонтарин сафарҳо шуд. Ман солҳои зиёд танҳо дар филмҳо ва интернет аҳромҳоро медидам, аммо имрӯз онҳоро бо чашмони худ дидам. Ин эҳсосотро ягон акс ё видео пурра нишон дода наметавонад.

Бештар аз ҳама азамати ин иншоот маро ба ҳайрат овард. Вақте дар назди онҳо меистӣ, дарк мекунӣ, ки таърих чӣ қадар бузург аст ва инсонҳо ҳазорҳо сол пеш чӣ корҳои аҷиберо анҷом додаанд.
Албатта, гармии ҳаво каме хаста мекунад, вале ҳамаи ин зуд фаромӯш мешавад. Манзараҳои биёбон, шутурсаворӣ, Сфинкс, ҳикояҳои роҳбалад ва худи аҳромҳо ин рӯзро барои ман фаромӯшнашаванда гардонданд.
Агар ягон рӯз имконият дошта бошед, ҳатман ба ин ҷо сафар кунед. Бовар кунед, эҳсосоте, ки дар назди яке аз ҳафт мӯъҷизаи ҷаҳон пайдо мешавад, аз тамошои ҳазорҳо акс ва видео тамоман фарқ мекунад.
Хулоса
Аҳромҳои Гиза танҳо як мавзеи сайёҳӣ нестанд. Ин ҷо қисми зиндаи таърихи инсоният аст, ки то имрӯз миллионҳо нафарро аз тамоми ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад. Барои ман ин сафар яке аз орзуҳое буд, ки ниҳоят амалӣ шуд ва мутмаинам солҳои зиёд онро бо хушнудӣ ба ёд меорам.
Дар Matin Blog ман ҳамеша кӯшиш мекунам на танҳо маълумоти муфид пешниҳод намоям, балки таассуроти воқеии шахсии худро низ нақл кунам, то шумо пеш аз сафар тасаввуроти воқеӣ аз ин ҷойҳо дошта бошед.